Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби «Вахш» дар 1/2 финали Ҷоми раиси AFC – «Яданарбон»


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) бар асоси қуръакашӣ, ки 11-уми июл дар Мянмар баргузор шуд, бо дастаи мизбон – «Яданарбон»-и Янгон рақобат хоҳад кард.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тимҳои «Дордой»-и Қирғизистон ва МТТУ-и Туркманистон бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси AFC аз 24-ум то 26-уми сентябр дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон баргузор хоҳад шуд.
Бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии ин мусобиқа дар Маркази тамринии ҷавонон доир мешаванд.

24-уми сентябр соати 15.30 дақиқа бо вақти Мянмар дар бозии ниманиҳоӣ дастаҳои «Вахш» ва «Яданарбон» вориди рақобат мешаванд. Сипас соати 19.00 тимҳои «Дордой» ва МТТУ барои ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтан талош хоҳанд кард. Бозии ниҳоӣ бо ширкати ғолибони даври ниманиҳоӣ 26-уми сентябр соати 15.30 дақиқа шурӯъ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Вахш» пас аз се пирӯзии пасиҳам дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё моҳи майи соли равон дар Мянмар ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифта буд. “Вахш” нахуст бар тими “Ренаун Спортс Клаб”-и Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 6-0 ғолиб омад. Футболбозони тоҷик баъдан дастаи “Озмоишгоҳи Хон”-и Покистонро бо ҳисоби 1-0 мағлуб карданд. “Вахш” дар бозии севумаш бар тими қаҳрамони Камбоҷа - «Нагакорп» бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. Ба ин тартиб, дастаи «Вахш» бо 9 имтиёз ва беҳтарин таносуби тӯбҳо - 10-0 дар сабқати гурӯҳи «В» ғолиб шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.

Натоиҷи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC :

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) - 3:0
2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) - 2:1, дар замони изофӣ
2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) - 2:1
2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 1:1, аз рӯи пенолти - 4:3
2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 2:0
2010 (Янгон, Мянмар).
XS
SM
MD
LG