Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти сардабири "Хорпуштак"


Шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик, сармуҳаррири моҳномаи «Хорпуштак» Басир Расо дар шаҳри Душанбе дар синни 79-солагӣ аз ҷаҳон чашм пӯшид.

Маҷаллаи ҳазлу танзи «Хорпуштак» аз бонуфузтарин нашрияҳои чаҳор даҳсолаи даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон буд ва соҳибназарон мегӯянд, тамоми муваффақиятҳои ин маҷалла ба фаъолияти Басир Расо бастагӣ дорад.

Басир Расо соли 1931 дар деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Соли 1956 факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, яке аз адибони боистеъдоди тоҷик ба шумор меравад.

Ӯ тайи 46 соли ахир, аз соли 1964 то дами маргаш, сардабири маҷаллаи танзу маърифатии «Хорпуштак» бар ӯҳда дошт. Ва аз соли 1971 узви Иттиҳоди нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.



Басир Расо ҳамчунин шоири соҳибзавқ буд. Нахустин маҷмуаи ӯ бо номи «Дар боргоҳи сухан» ҳануз соли 1968 ба чоп расид.

Басир Расо имрӯз - 12 июл дар оромгоҳи Сари осиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Бояд хандид, баланд хандид!

Басир Расо: "Дареғи умри гиромӣ, ки сарфи маҷлис шуд".
XS
SM
MD
LG