Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми Ҷаҳонии футбол ба поён расид ва Испания қаҳрамон шуд


Дастаи мунтахаби футболи Испания ба дарёфти унвони қаҳрамони футболи ҷаҳон ноил шуд. Ин даста дар бозии ниҳоӣ дар дуввумин бахши иловагӣ бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Голландия пирӯз шуд. Бозӣ дар Ҷоҳаннесбург-пойтахти Африқои Ҷанубӣ баргузор гардид. Ду қисми асосии бозӣ натиҷа надод ва қаҳрамони футболи ҷаҳонро тӯби ягона дар дақиқаи 117-ӯми бозӣ муайян кард. Испания бори аввал унвони қаҳрамони футболи ҷаҳонро ба даст овард. Соли 2008 низ Испания дар бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо пирӯз шуда буд ва акнун ҳам қаҳрамони футболи ҷаҳон ва ҳам қаҳрамони футболи Аврупо мебошад. Голландия баъд аз бохт дар бозии ниҳоӣ мақоми дуввум ва медалҳои нуқраи Ҷоми Ҷаҳонро соҳиб шуд. Голландия солҳои 1974 ва 1978 низ пайдарҳам ба бозии ниҳоии ҷаҳонӣ роҳ ёфт, вале мисли бозии дишаб баъд аз бохт бо ҷои дуввум қаноат кард. Дар бозии ниҳоии шаби гузашта 13 корти зард нишон дода шуд. Ҷон Ҳейтинга-ҳимоятгари дастаи Голландия корти сурх гирифт ва майдонро тарк кард. Бад-ин тартиб, бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол ба поён расид. Ин бозиҳо бори нахуст дар як кишвари африқоӣ баргузор шуд. Дар бозиҳои Ҷоми кунунӣ Диего Форлан аз дастаи Уругвай Тӯби Тиллоиии бозиҳои ҷом ва Томас Мюллер аз дастаи Олмон Бутсии Тиллоиро дарёфт карданд.
XS
SM
MD
LG