Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кумитаи Мероси Ҷаҳонӣ


Бино ба хабари сомонаи ЮНЕСКО, аз 25-ӯми июл то 3-юми август дар Бразилия ҷаласаи навбатии кумитаи мероси ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Дар он барои ворид кардан ба мероси ҷаҳонӣ 35 кишвар дархостҳои худро пешниҳод кардаанд. Тоҷикистон низ яке аз муддаиён ба шумор меравад ва барои ворид кардан ба ин феҳрист Боғи Миллии худро ё Боғи Табиии пешниҳод кардааст. Боғи Миллии Тоҷикистон дар кӯҳистонҳои Помир ҷойгир аст ва ба он Кӯли Сарез, пиряхи Федченко ва масоҳати зиёди кӯҳистонҳои дорои гиёҳҳои нодир ва ҳайвонот дохил мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки дар ин минтақа ба гиёҳҳо ва ҳайвоноти нодир хатари нобудӣ таҳдид мекунад ва Боғи Миллӣ ба ҳифзу муроқибати хос ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG