Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15-ӯмин солгарди куштори Серебреница баргузор шуд


Дирӯз даҳҳо ҳазор нафар дар маросиме дар Серебреница дар 15-ӯмин солгарди куштори ҳазорон нафар мардону писарони мусулмон ширкат ҷустанд. Дар ин маросим Бернард Кучнер-вазири корҳои хориҷаи Фаронса ва Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия суханронӣ карданд. Борис Тадич-раиси ҷумҳури Сербистон ва Иво Иосипович-раиси ҷумҳури Хорватия низ дар ин маросим ширкат дошатанд. Ин маросим баъди ба хок супурдани боқимондаҳои аҷсоди 775 нафар, ки ахиран шиносоӣ шуда буданд, баргузор гардид. 774 нафари онҳо мардуми Босния ва як нафар хорват буданд.
XS
SM
MD
LG