Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти намояндаи Амрико аз табодулаи ҷосусон


Вазири адлияи Иёлоти Муттаҳида, Эрик Ҳолдер аз табодулаи ҷосусон байни кишвараш ва Русия, ки рӯзи ҷумъа ҷараён гирифт, ҳимоят кард. Дар ин додуситад 10 нафаре, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Амрико боздошт шудаанд, бо 4 нафари ҳамсон дар Русия таъвиз шуданд. Ҳолдер гуфт, ин як имконияте буд, ки афроди мавриди таваҷҷӯҳи азими Иёлоти Муттаҳида ба озодӣ бароянд. Ҳолдер ҳамчунин гуфт, ба кӯдакони ҷосусони Русия, ки бархе аз онҳо шаҳрванди Амрико мебошанд, иҷоза дода шуд ҳамроҳи волидон ба Русия раванд, аммо онҳо бояд тасмими худро бигиранд.
XS
SM
MD
LG