Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама ба сӯгворони қурбониёни Сребренитса


Даҳҳо ҳазор нафар имрӯз дар гирдиҳамоие ба муносибати 15-умин солгарди куштори дастаҷамъонаи мардону писарони мусулмон дар Сребренитса ширкат карданд. Вазири умури хориҷии Фаронса, Бернар Кушнер ва сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин ҳамоиш якҷо бо президентҳои Сербия, Борис Тадич ва Ховартия, Иво Йосипович ширкат ва суханронӣ карданд. Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Босния, Чарлз Инглиш паёми президенти Амрико, Барак Обамаро қироат намуд, ки дар он аз ҳукуматҳо дархост мешавад, талошҳои худро барои боздошти масъулони ҷиноятҳои ҳарбӣ дучанд кунанд:

"Мо вазифаи муқаддасе дорем, ки он бераҳмиҳоро, ки ин ҷо сар заданд, ба ёд орем ва аз такрори чунин ваҳшоният пешгирӣ кунем. Мо дар назди қурбониён ва бозмондагони онҳо масъулем. Ва дар назди наслҳои ояндаи тамоми ҷаҳон низ масъулем, ки набояд ба чунин бадиҳо дар ҳар куҷо ки ва ҳар гоҳ ки рӯй диҳанд, бетафовут бошем. Мо бояд омодаи бархостан ба дифоъи шарафи инсонӣ бошем."


15 сол пеш дар ҳамин рӯз дастаҳои мусаллаҳи сербҳои Боснӣ ба минтақаи таҳти ҳимояи Созмони Милал дар Сребренитса ворид шуда, 8 000 мард ва писари мусулмонро ба қатл расонданд, ки хунинтарин бераҳмӣ баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум мебошад.
XS
SM
MD
LG