Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи 6 тан шаҳрванди Русияро, ки дар нооромиҳои соли гузаштаи ноҳияи Тавилдара айбдор мешаванд, баррасӣ мекунад. Бо чунин иттиҳом то ҳол ду писар ва ду хешованди вазири пешини ҳолатҳои изтирорӣ, фармондеҳи собиқи оппозисюни тоҷик, генерал Мирзо Зиёев муҷрим дониста шудаанд.

Додгоҳ дар муҳокимаи паси дарҳои баста писарони Мирзо Зиёев - Саидаҳмад ва Муҳаммадризоро дар ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, нигаҳдошти силоҳу муҳимот, гаравгонгирӣ, кӯшиши ғасби қудрат ва тағйири низом муҷрим дониста, якеро ба 30 ва дувумиро ба 28 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар бораи ин ҳукм ягон изҳороти расмӣ нашр нагашт ва нахустин шуда Радиои Озодӣ, бино бар маълумоти дарёфтӣ рӯзи 6-уми июл дар ин бора хабар дод.

Сафорати Русия қазияро дунбол мекунад

Дар робита ба шаҳрвандони Русия Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, муҳокимаи онҳоро бо таваҷҷӯҳи тамом дунбол мекунад. Мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, Владимир Ваниев ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, танҳо яке аз ин боздоштшудагон ба ҷурмҳои сангин, аз ҷумла ширкат дар амалиёти ҳарбии зидди ҳукумати Тоҷикистон, гаравгонгирӣ ва нигаҳдошти силоҳ айбдор шуда, парвандаи 5 нафари дигар аз ширкат дар ташаккули ҷиноӣ иборат будааст.

Ба сурати умум дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнор-2009” дар шарқи кишвар тобистони соли гузашта 11 нафар кушта ва наздик ба 50 нафар бо иттиҳоми фаъолиятҳои зиддидавлатӣ боздошт шудаанд.

Раиси муҳокимаи онҳо, узви Додгоҳи олии Тоҷикистон, Бобокалон Муродов Радиои Озодӣ гуфт, муҳокимаи парванда махфист, аммо теъдоди айбдоршаванадгон ва шаҳрвандии онҳоро тасдиқ намуд.

Вай гуфт, ки онҳо "дар маҷмӯъ 46 нафаранд ва ин ҷо шаҳрвандони Узбакистон ҳам ҳастанд ва аз русия ҳам".

Шиносномаи як шаҳрванди Русия, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар ҳаводиси Тавилдара даст доштааст.
Дар бораи ширкати шаҳрвандони Узбакистон дар нооромиҳои Тавилдара ҷузъиёти бештаре нашр нашудааст, вале дар бобати шаҳрвандони Русия гуфта мешавад, онҳо асосан зодагони Қафқози Шимолӣ мебошанд.

Дар зимн, ҳангоми амалиёти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар Тавилдара, дар моҳи июн инчунин 5 шаҳрванди Русия кушта шуданд, ки Маскав ба ҳувияти онҳо ва таҳқиқи сабабҳои ширкаташон дар ин рӯйдодҳо бетафовутӣ зоҳир кард.

Аммо шаҳрвандони Тоҷикистон

Яке аз шоҳидони фароянд, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, 29 нафари боздоштшуда аз худи Тавлидараанд, 8 нафар аз ноҳияи Панҷ, 4 нафар аз шаҳри Душанбе, 1 нафар аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва 3 нафар аз минтақаи Кӯлоб. Ин ҳамсӯҳбати мо дар бораи бо чӣ сабаб дар Тавилдара ҳузур доштани ин афрод, ки акнун парвандаашон дар Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокима мешавад, чунин гуфт:

"Охир, онҳо асосан, барои муҳофизати Бобои Мирзо, барои ягон чиз накунанд гуфта, ягон кораш накунанд, вай онҳоро ҷамъ карда буд, ки ягон чиз нашавад бар зидди Бобои Мирзо. Фарёдашон карда буд, якҷоя менишастанд ва худашонро муҳофизат мекарданд".

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аксарияти ин афрод баъд аз зуҳури аломатҳои беэътимодии ҳукумат ба Зиёев ва интиқоли нерӯҳои давлат аз Хуҷанду Хоруғ ба Тавилдара вориди минтақа шудаанд ва аз пеш ҳадафи хушунат ё ҷанг бо давлатро надоштаанд. Вале ӯ, зоҳиран, дар бораи даврае сӯҳбат мекунад, ки дигар ҳамаи роҳҳои вуруд ва хуруҷ ба Тавилдара аз тарафи нерӯҳои давлат масдуд гашта буд.

Бо гузашти як сол аз рӯйдодҳои Тавилдара то ҳанӯз ангеза, сабаб ва мӯҳтавои ин воқеаҳо рӯшан нашудааст. Агар дар ибтидо сухан аз амалиёти зидди маводи мухаддир мерафт, дар поёни сол ба эҳтимоли ихтилофоти мусаллаҳона ишора карданд.

Ва агар дар ибтидо сухан аз миёнравии вазири пешини ҳолатҳои изтирорӣ Мирзо Зиёев дар байни нерӯҳои давлат ва гурӯҳҳои мусаллаҳ мерафт, дар фарҷом ӯ дар таҳияи сӯиқасд ба ҳукумат айбдор гашт. Мақомоти расмӣ гуфтанд, рӯзи 8-уми июн даҳҳо нафари мусаллаҳ таҳти фармони Зиёев ва Неъмат Азизов ба маркази маъмурии Тавилдара ҳамла карданд ва шикаст хӯрдаву таслим шуданд.

Қатли Мирзо Зиёев ва бовару гумонҳои атрофи номи ӯ

Худи Мирзо Зиёев фурсат наёфт, диди хешро ба воқеияти он рӯзҳо изҳор дорад. 11-уми июл ва ба гуфтаи мақомоти расмӣ ҳангоми талошҳои эҷоди мусолиҳа дар рафти як тирандозӣ аз тарафи ҳаммаслаконаш кушта шуд.

Бисёриҳо ба инанд, ки Зиёев як шахси харизматик ва миллигарое буд, обутобёфтаи саҳнаҳои ҷанг ва тарроҳу иҷрокунандаи пирӯзиҳои низомии мухолифон дар солҳои 1996 ва 1997, ки аз ҷумлаи омилҳои водоркунандаи ҳукумат ба гуфтушуниди сулҳ буданд. Зимни тақсими қудрат миёни мухолифон ва ҳукумат дар соли 1999, Зиёев вазири ҳолатҳои изтирорӣ таъин, аммо дар соли 2006 аз ин мақом барканор шуда, ба ватани бобоияш - Тавилдара баргашт.

Дар он ҷо вай зоҳиран бо зиндагии деҳқонӣ машғул буд, аммо сӯҳбатҳое аз ноқаноатмандии ӯ низ ба гӯш мерасид.

Мақомоти давлат дар изҳороте роҷеъ ба поёни амалиёти амниятӣ дар шарқи кишвар дар моҳи декабри соли гузашта аз нақши шахси Зиёев дар рӯйдодҳои Тавилдара ва ҳадафи ӯ аз амалкардҳояш иттилое надоданд, фақат ӯро шарики дастаҳои зиддиҳукуматӣ номиданд.

Ҳаводиси Тавилдара таҳдиди ҷиддӣ буд?

Акнун ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон (то 30 сол) маҳкум шудани писарон ва наздикони Зиёев ва муҳокимаи 46 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Русия ва Узбакистон, зоҳиран таъкид бар ин аст, ки рӯйдодҳои як сол пеши Тавилдара аз тарафи давлат таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти кишвар маҳсуб мешаванд. Аммо ҷомеа аз маълумоти комилу рӯшан дар бобати ҷиддияти ин таҳдид маҳрум мондааст. Ҳамчунон маълум нест, тарҳи амалҳои зидди давлат дар шарқи Тоҷикистон то куҷо ҳақиқат дошт ва оё як густохии ҳаваскорона буд ё мудохилаи тарҳрезишудаи хориҷӣ?

Дар чунин ҳол пӯшида ҷараён ёфтани муҳокимаи парвандаҳое, ки асли оғози онҳо худ норӯшан ва пурмуаммост, эътимод ба амнияти ҷомеа ва истиқлолияти додгоҳро дастхуши овоза ва гумонҳо кардааст. Ҳуқуқшиноси шинохта, Абдулқаюм Юсуфӣ мегӯяд, муҳокимаи парвандаҳое, ки ба асрори давлатӣ рабт мегиранд, метавонанд паси дарҳо баста ҷараён ёбанд.

Вале маълум нашудааст, сирри давлатие, ки парвандаи нооромиҳои Тавилдараро махфӣ кард, то куҷо ба амнияти мамлакат рабт мегирад ва то куҷо ба пинҳон доштани дараҷаи истиқлолияти додгоҳ ва сиёсӣ набудани бархӯрди он. Ҳамзамон ширкаткунандагони муҳокима огоҳ карда шудаанд, ки ҷараёни онро сабт накунанд ва дар борааш иттилое пахш нанамоянд.

Аммо маълум нашудааст, чаро наздикони маҳкумшудагон талош надоранд, ҳукмро мавриди шикоят қарор диҳанд. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Абдулқаюми Юсуфӣ махфӣ будани парванда пеши роҳи шикоятро намегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG