Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зодаи Тоҷикистон роҳеро аз Рязан то Хуҷанд пиёда тай кард


Сайёҳи 68-сола, ки аз Русия ба Тоҷикистон пиёда сафар мекунад, рӯзи ҷумъаи 9-уми июл вориди Тоҷикистон гашт. Аз якуми апрел то имрӯз Алексей Афғонов 3500 километр роҳро аз Рязан то Хуҷанд пои пиёда тай намуд. Вай, ки ин сафари ғайриодии хешро ба 65-солагии Пирӯзӣ ба фошизм ва 19-солагии истиқлолияти Тоҷикистон бахшидааст, мегӯяд, тасмими ин маърака аз баҳси ӯ бо як сокини Рязан сар зад, ки баъд аз мақолааш дар бораи муҳоҷирон ба Алексейи зодаи Тоҷикистон гуфт, агар Тоҷикистонро дӯст медорӣ, чаро он ҷо намеравӣ ва Афғонов савганд хӯрд, ки пои пиёда ба Тоҷикистон меравад. Вай нақша дорад, дар Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, 9-уми сентябр вориди Душанбе шавад.
XS
SM
MD
LG