Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сафари Исфандиёр Раҳими Машоӣ ба Тоҷикистон


Раиси дастгоҳи президенти Эрон, Исфандиёр Раҳими Машоӣ, дар оғози сафари кории дурӯзааш ба Тоҷикистон аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯдаи 2", ки тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад, дидан кард ва дар гузоштани санги таҳдоби "Хонаи Эрон" дар Душанбе ширкат намуд. «Хонаи Эрон» ба унвони маркази эрониёни муқими Тоҷикистон дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе бунёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъули сафорати Эрон, ин марказ аз якчанд толор барои намоишгоҳҳо ва ҳамоишу маъракаҳои фарҳангӣ, ҳамчунин китобхона ва синфхонаҳои омӯзиши забонҳо иборат хоҳад буд. Қарор аст раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи душанбе, дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Оқил Оқилов, вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG