Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти зидди ҳалокати шаҳрвандон дар Мазори Шариф


Садҳо нафар дар шаҳри Мазори Шариф ба нишони эътироз аз ҳалокати афроди осоишта дар амалиёти нерӯҳои НАТО даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо аз нерӯҳои хориҷӣ ва раисиҷумҳури Афғонистон интиқод карданд. Тазоҳурот замоне барпо шуд, ки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар як рейди бомдодӣ дар ҳумаи шарқии шаҳр ду афғони ғайринизомиро ба ҳалокат расонданд. НАТО ҳамчунин ҳалокати шаш нафарро дар зарбаи тӯпхона иқрор кард ва як рӯз пеш аз он дар зарбаи ҳавоӣ тасодуфан панҷ сарбози давлати Афғонистон кушта шуданд. Дар ин байн дар инфиҷор ва даргириҳои рӯзи гузаштаи Афғонистон 6 сарбози амрикоӣ ва даҳҳо ғайринизомӣ дар шарқ ва ҷануби кишвар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG