Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Русия оид ба муҳокимаи шаҳрвандонаш дар Душанбе


Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, муҳокимаи шаҳрвандони Русияро дар Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ба ширкат дар нооромиҳои соли гузашта дар ноҳияи Тавилдара айбдор мешаванд, бо таваҷҷӯҳи тамом дунбол мекунад. Мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, Владимир Ваниев ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, танҳо яке аз ин боздоштшудагон ба ҷурмҳои сангин, аз ҷумла ширкат дар амалиёти ҳарбии зидди ҳукумати Тоҷикистон, гаравгонгирӣ ва нигаҳдошти силоҳ айбдор шуда, парвандаи 5 нафари дигар аз ширкат дар ташаккули ҷиноӣ иборат будааст.
XS
SM
MD
LG