Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои нокоми густариши қудрати Янукович


Порлумони Украина баррасии қонуни густариши салоҳиятҳои президентро то моҳи сентябр ба таъвиқ гузошт. Тарафдорони президент Янукович талош доранд, маҳдудиятҳои қудрати раисиҷумҳурро, ки зимни тағйиру иловаҳо ба қонуни асосӣ дар соли 2004 ҷорӣ шудаанд, бекор кунанд. Аммо чандин ҳизб, аз ҷумла коммунистон ва Эътилофи Литвин ба ин иқдом мухолифат карда, гуфтанд, чунин тағйир танҳо дар натиҷаи рефрендуми қонуни асосӣ имконпазир аст.
XS
SM
MD
LG