Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 мусофири покистонӣ дар Пактиёи Афғонистон


Ёздаҳ шаҳрванди Покистон ҳангоми сафар дар як автобус ба воситаи қаламрави Афғонистон ҳадафи тирборон қарор гирифта кушта шудаанд. Гумон меравад, толибҳо масъули ин ҳамла бошанд. Ронандаи автобус ба хотири нагузаштан аз минтақаи ноамни Покистон хостааст, бо роҳе аз Куррам ба Пешовар равад, ки аз ҳудуди минтақаи Чамконии Афғонистон дар вилояти Пактиё мегузарад. Сухангӯи волии вилояти пактиё, Рӯҳулло Сомон мегӯяд, мусаллаҳон автобуси пур аз мусофирро ҳадафи тирборони мустақим қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG