Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Аббос гуфтааст, хостори давлати Фаластин аст


Сухангӯи раҳбари маъмурияти худгардони Фаластин гуфтааст, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама дар гуфтугӯи телефонӣ Маҳмуд Аббосро тазмин дод, ки ӯ ба тарҳи бунёди давлати Фаластин содиқ аст. Нобил Абурудейна, сухангӯи раҳбари маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос, афзуд, Обама ба Аббос занг задааст. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки дар дидоре дар Вошингтон, дар ҳафтаи гузашта Обама ва сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу вазъи раванди сулҳи Ховари Миёнаро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG