Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беларус тарҳи ислоҳоти аврупоиро рад кард


Намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, Беларус барои беҳбуди равобиташ бо кишварҳои иттиҳод аввал бояд тарҳи ислоҳотро бипазирад. Кумиссионери Иттиҳоди Аврупо дар умури густариш ва ҳамсоядории аврупоӣ, Стефан Фуле ин нуктаро баъд аз дидораш бо раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенко дар Минск баён дошт. Вай гуфт, Иттиҳоди Аврупо интизори инро дорад, ки Беларус ҳукми қатлро бекор кунад ва ба таъқибҳо хотима гузошта, интихоботи ояндаи президентро ба таври демократӣ баргузор намояд. Лукашенко ба Фуле гуфт, Беларус "ҳаргиз дар назди шумо, Русия ё Иёлоти Муттаҳида зону нахоҳад зад."
XS
SM
MD
LG