Пайвандҳои дастрасӣ

Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раиси дастгоҳи президенти Эрон, дар Душанбе хишти аввали сохтмони муштаъмаи варзиши зӯрхонаиро, ки тавассути Эрон сохта мешавад, гузошт ва дар расми ифтитоҳи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Фирдавсӣ ширкат намуд.

Дар борзиҳои байналмилалии Ҷоми Фирдавсӣ, ки имрӯз ифтитоҳ шуд, намояндагони ҳашт кишвари минтақа ширкат мекунанд. Дар ин мусобиқот навъҳои варзиши зӯрхонаӣ ё варзиҳои бостонии эронӣ ба намоиш меояд. Қабл аз ин ҳам Эрон як толорои варзиши Зӯрхонаиро дар Тоҷикистон бунёд карда буд.

Раҳими Машоӣ, ки дирӯз вориди Тоҷикистон шуд, қабл аз зуҳри имрӯз аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯдаи 2", ки аз сӯяи як ширкати эронӣ сохта мешавад, дидан кард ва дар гузоштани санги таҳдоби "Хонаи Эрон" дар Душанбе ширкат намуд.

Ин нахустин "Хонаи Эрон" дар хориҷ аз кишвари Эрон хоҳад буд, ки бунёд мешавад.

«Хонаи Эрон» ба унвони маркази эрониёни муқими Тоҷикистон дар маҳаллаи Гулистони Душанбе - пойтахт бунёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъули сафорати Эрон, ин марказ аз якчанд толор барои намоишгоҳҳо ва ҳамоишу маъракаҳои фарҳангӣ, ҳамчунин китобхона ва синфхонаҳои омӯзиши забонҳо иборат хоҳад буд.

Қарор аст, раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи душанбе, дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Оқил Оқилов, вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад.

Дар чаҳорчӯби барномаи боздиди мақоми баландпояи эронӣ дар бинои Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон китобхонаи нав ба номи Шаҳриёр - яке аз шоирони муосири эронӣ ифтитоҳ мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG