Пайвандҳои дастрасӣ

Як гурӯҳи занон аз созмони ҷаҳонии маъруф ба «Фонди манзил барои шаҳрвандон» барои як зани тоҷик дар шаҳри Хуҷанд ройгон манзил месозанд. Онҳо тамоми кори сохтмониро иҷро мекунанд, хишт мечинанд, чӯбкорӣ мекунанд ва лой мезананд.

Ин шаш нафар зан аз кишварҳои Амрико, Канада, Арабистони Саудӣ, Словакия ва Белгия ҳастанд ва дар чаҳорчӯби созмони «Фонди манзил барои шаҳрвандон» барои бунёди хона ба оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон кӯмак мекунанд.

Вақте мо ба маҳалли сохтмони ин манзил омадем, ин гурӯҳи занон саргарми кор буданд ва хишт чида, девор мебардоштанд. Ҷин Куртенбак, зани амрикоӣ, мегӯяд, «аслан ташрифи ман ба Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз урфу анъанаҳои мардумии ин кишвар буд. Чун қаблан дар хусуси кишвари Тоҷикистон чизеро намедонистам. Аммо чун мебинем, аксари оилаҳо дар бунёди манзил дар Тоҷикистон шароит надоранд, аз ҳамин хотир ман мехоҳам, ҳеҷ не барои як оилаи тоҷик кӯмаки худро расонам».

Соҳибхона хонум Мусабеҳхон аз ин иқдоми занони хориҷӣ хеле хушнуд аст. Вай мегӯяд, ҳашт сол боз ба ҳайси момодоя дар бемористони Суғд кор мекунад, вале манзили зист надорад. Ба гуфтаи ӯ, ду сол аст, ки шавҳараш бо мақсади бунёди манзил дар Русия кор мекунад. Ва ҳоло вай бо се нафар фарзандаш дар ҳавлии бародари шавҳараш ба сар мебарад.

Хонум Мусабеҳхон гуфт, «мо аз тамошои телевизион маҳрум ҳастем. Фарзандонам барои дарс тайёр кардан имкон надоранд. Аз сабаби надоштани манзили зист бо ин гуна танқисиҳои зиёд дар хонаи бародари шавҳарам зиндагӣ мекунем».

Мушкили манзил дар Тоҷикистон

Ба мисли хонаводаи Мусабеҳхон имрӯз оилаҳои муҳтоҷ ба сарпаноҳ дар вилояти Суғд зиёданд. Камбуди манзил ва муҳоҷирати хонаводагӣ аз умдатарин мавзуъҳоест, ки бахши аъзами аҳолии кишварро нигарон кардааст.

Фарзона Раҳимова, директории филиали «Фонди манзил барои шаҳрвандони Тоҷикистон» дар Хуҷанд, мегӯяд, ҳарчанд шумори зиёди оилаҳо барои гирифтани манзил борҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд, аммо то кунун ба ин мушкили онҳо касе расидагӣ карда наметавонад. Сангиниҳои шароити иқтисодӣ, мегӯяд хонум Раҳимова, бисёриҳоро ночор гузоштааст:

«Нафарони зиёде аз мушкилӣ дар бунёди манзил ба мо муроҷиат мекунанд. Ба назар мерасад, ки аксари муроҷиаткунандаҳо дар шароити тангу номусоид зиндагии худро паси сар мекунанд. Масалан, ҳолатҳоеро мушоҳида кардаем, ки дар хонаи як ҳуҷрагӣ ду ва ҳатто се бародар ҳамроҳи зану фарзандонашон зиндагӣ мекунанд».

Зузана: Дар Словакия ниёзмандон ба манзил хеле каманд

Зузана Михалидсова аз Словакия барои сохтани манзили Мусабеҳхон омадааст. Вай мегӯяд, мушкиле, ки дар Тоҷикистон мушоҳида мекунад, умдатан дар кишвари худ ҳам ҳамагӣ чанд соли қабл ба чашм мерасид, аммо сокинон, ба вижа занҳо, барои рафъи мушкилот ва озодиҳои худ талош меварзиданд. Зузана мегӯяд, ҳоло дар кишвараш шумори хонаводаҳои ниёзманд ба манзили зист хеле кам аст.

Вай меафзояд: «Ба фикри ман, дар Словакия занҳо озодиҳои бештар доранд. Ба ҳар мушкиле, ки онҳо мувоҳеҷ гарданд, дер идома намекунад. Бисёриҳо барои рафъи мушкили худ аз нерӯ ва ҳам аз ҳуқуқи худ хуб истифода мекунанд».

Масъулони ин созмони «Фонди манзил барои шаҳрвандон» дар Хуҷанд мегӯянд, тасмим гирифтаанд, ки то авохири соли ҷорӣ ба 14 хонавода дар вилояти Суғд барои сохтани манзил кумакҳои молӣ ба сифати қарзҳои имтиёзнок ҷудо кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG