Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули ҷосусҳо миёни Амрико ва Русия


Ҳавопаймоҳои Русия ва Амрико дар фурудгоҳи Вена, саҳнаи табодули ҷосусони ду кишвар
Ҳавопаймоҳои Русия ва Амрико дар фурудгоҳи Вена, саҳнаи табодули ҷосусони ду кишвар

Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди табодули ҷосусони ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Дар чаҳорчӯби ин тавофуқ, даҳ боздоштшудаи муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Русия аз Амрико ба Вена мунтақил шуданд. Русия низ чаҳор нафари муҷрим ба ҷосусӣ барои Амрикоро афв кардааст.

Вазорати адлияи Амрико гуфтааст, Русия ризоият додааст, дар ивази раҳоии гумоштаҳояш, чаҳор нафарро аз зиндон раҳо кунад, ки ба ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии кишварҳои ғарбӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ин чаҳор нафарро авф кардааст. Пештар аз ин 10 муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Русия дар Амрико, дар додгоҳи Ню Йорк, иттиҳомоти худро пазируфтанд. Баъди ин додрас амр дод, то ҳамаи онҳоро аз хоки Амрико ихроҷ кунанд.

Даҳ узви ин ҳалқаи муттаҳам ба ҷосусӣ дар Амрико ва яке аз онҳо дар ҷазираи Қибрис боздошт шуд. Баъди хотимаи Ҷанги Сард, бори аввал аст, ки Амрикову Русия, дар мавриди табодули теъдоди зиёди ҷосусон муомила мекунанд.

Баъзе аз муттаҳамонро як рӯз қабл ба Ню Йорк аз иёлатҳои Вирҷиния ва Масатчусетс оварданд. Ҳамаи ин даҳ нафар иқрор кардаанд, ки ҳамчун гумоштаҳои кишвари хориҷӣ фаъолият мекарданд, аммо ҳеҷ кадомашон иттиҳомоти шустушӯи пул ва чанд ҷинояти дигарро напазируфтанд.

Матбуоти Русия дирӯз хабар дод, ки донишманди улуми ҳастаии Русия Игор Сутягинро, ки барои ҷосусӣ ба нафъи як ширкати Британия ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба таври таъҷилӣ ба Вена фиристоданд. Гуфта мешавад, Сутягинро ба яке аз 10 ҷосуси рус иваз кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия ва Амрико то охирин лаҳза аз ҳар гуна тайиди расмии ин созиш худдорӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG