Пайвандҳои дастрасӣ

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, рӯҳониён барои пахшу нашр ва фурӯши дискнаворҳои мазҳабии худ бояд аз ин ниҳоди расмии марбут ба умури дин иҷоза гиранд. Ӯ бовар дорад, ки ин кор ба нафъи кумита ва муллоҳост.

Иҷозанома

Оқои Холиқов, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, афзуд, то ин муддат дискнаворҳои мазҳабии рӯҳониёнро афроди гуногун бидуни иҷозаи уламо ва ҳам бидуни ташхиси вазорати фарҳанг, ки то ин муддат раёсати умури динро таҳти назар дошт, мавриди фурӯш қарор додаанд.

«Амри маъруфҳое, ки онҳо мекунанд, дар шакли диску фитта аз номи онҳо дигарон ба фурӯш мебароранд. Вақте ин чиз назорат мешавад ва онҳо иҷозанома мегиранд, бигузор, бароранду фурӯшанд ва андози давлатро супоранду таблиғи динӣ ҳам кунанд. Лекин онҳое, ки қонунро риоя намекунанд, албатта, мо пеши роҳи онҳоро мегирем»,-мегӯяд ӯ.

Ҳамин тавр, Абдураҳим Холиқов бовар дорад, ки ин амал на танҳо ба масъулони кумита, балки барои худи муллоҳо низ муфид хоҳад буд.



Воҷиб


Танзими ироа ва фурӯши амри маъруфи рӯҳониён солҳост, ки аз умдатарин баҳс миёни идораҳои расмии марбут ба умури дин ва худи рӯҳониён боқӣ мемонад.

Рӯҳониёни маъруф ҳар ҳафта як соат қабл аз намози ҷумъа мавъиза мекунанд ва он аксаран аз сӯйи афроди алоҳида тариқи телефонҳои мобил ва аз тарафи студияҳои маҳаллӣ наворбардорӣ мешавад, ки пас аз чанд рӯз ба бозорҳои кишвар роҳ меёбад.

Аммо пешниҳоди тозаи раиси кумитаи дин, ки ба гуфтаи худи ӯ барои нигаҳдории фазои озодандешӣ дар миёни диндорон мехоҳад ироаи мавъизаи рӯҳониёнро таҳти контроли ин ниҳоди расмӣ бигирад, бархе аз рӯҳониёнро нигарон кардааст.

Домулло Абдураҳим, сархатиби масҷиди «Қазоқон» дар шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, то ин муддат онҳо кӯшиш накардаанд, ки аз сабту фурӯши дискнаворҳои мазҳабии худ суде бардоранд ва ё ба захмҳои касе нохун бизананд. Ба гуфтаи вай, студияи «Насиҳат» мавъизаҳои ӯро сабт карда, ба бозор мебарорад ва аз ин ӯ манфиати молӣ набардоштааст.

Бо ин ҳол, Домулло Абдураҳим амри маъруфро воҷиботе барои уламо медонад, ки бояд таҳти ҳар шароите мардумро ё даъват намоянд ё насиҳат кунанд: «Ба ҳар сурату ҳолат хоҳ аз болои минбар аст, хоҳ дар кӯчаву бозорҳо ва хоҳ дар дохили хона аст, амр ба маъруфу наҳй аз мункар бояд карда шавад. Инро баъзеҳо намефаҳманд. Масъулияти уламоро дарк намекунанд. Гумон мекунанд, ки уламо шояд ин ҳамаро ба хотири обрӯву иззат мекунанд, аммо ин танҳо амри Худову паёмбар аст.»

Ҳоҷӣ Мирзо, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишвар дар ҷануби Тоҷикистон низ дар як мавъизаи худ мегӯяд, «бо вуҷуди зери зарбамонданҳо мардумро даъват кардааст ва даъват хоҳад кард.» Зеро ӯ ин масъулиятро пазируфтааст.

Аммо...

Аммо баъзе аз рӯҳониён ҷонибдори ин ҳастанд, ки ироаи мавъизаи рӯҳониён таҳти контроли кумитаи тозатаъсиси дин гирифта шавад. То ба ин васила ба гуфтаи онҳо, баъзе аз муллоҳо аз таҳқиру алфози қабеҳ дар амри маъруфҳояшон даст бардоранд.

Саъдуддини Рустам, узви Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳанӯз иддае аз рӯҳониён дар мавъизаҳои худ одобро риоят намекунанд, дар ҳоле ки Худованд фармудааст, «даъват кунед, аммо коре намоед, ки одамон аз шумо нагурезанд».

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз роҳ додан ба ҳар гуна алфози қабеҳ ва ё иштибоҳҳо дар амри маъруфи рӯҳониён беҳтар аст, ки ниҳоди марбут ба умури дин барномаи хоси амри маъруфҳоро таҳия ва ба ин васила мавъизаҳоро назорат кунад.

Сайидаҳмади Қаландар, коршиноси тоҷик дар умури дину мазҳаб, мегӯяд: «Ҳатман як барномае бошад, ки мардум ибтидо аз аркону аҳкоми ибодат огоҳ шаванд. Ба мардум қоидаҳои одии исломро аз минбарҳо бояд фаҳмонанд. Ба ин ҷиҳати масъала кам аҳамият медиҳанд ва ин боис шудааст, ки ба мавзӯъҳои рӯз тааллуқнадошта даст мезананд.»

Бо ин ҳол, тули се сол аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон талош мекунанд, ки сари ҳар вақт дӯконҳои фиттафурӯшии кишварро тафтиш карда, баъзе аз дискнаворҳои мазҳабиро мусодира намоянд. Тибқи гузоришҳо, танҳо дар се соли пеш Кумитаи амнияти миллӣ ва идораи Тоҷиккино амри маъруфҳои Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзоро дар қатори ҳазорҳо дискнаворҳои тарғибкунандаи фаҳшо ва терроризм боздошт ва сӯзонидаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG