Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаштпо ба пирӯзии Испания дар Ҷоми ҷаҳон мутмаин аст


Ҳаштпои мавсум ба Паул аз аквариуми шаҳри Оберҳаузени Олмон “пешгӯӣ” кард, ки дастаи Испания соҳиби Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол мешавад. Аз ин пеш ин ҳаштпо натоиҷи ҳама бозиҳо бо ширкати дастаи Олмон, аз ҷумла, шикасташ аз сӯи дастаи Испанияро “пешгӯӣ” карда буд.
Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон миёни дастаҳои Ҳуланд ва Испания рӯзи якшанбе, 11 июл, баргузор мешавад. Тибқи “пешгӯи”-и дигари Паул дар бозӣ барои медалҳои биринҷии Ҷоми ҷаҳон дастаи Олмон аз болои дастаи Уругвай пирӯз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG