Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули ҷосусҳо дар майдони ҳавоии Вена


Ҳавопаймо бо даҳ ҷосуси аз Амрико ихроҷшудаи рус аз фурудгоҳи шаҳри Вена, пойтахти Австрия, сӯи Маскав парвоз кард. Ба думболи ин ҳавопаймо бо чаҳор нафари дар Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои ғарбӣ зиндонишуда фурудгоҳи Венаро тарк намуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, табодули маҳбусон дар майдони ҳавоӣ сурат гирифт. Раванди табодули маҳбусҳоро ягон ҷониб расман ташреҳ накардааст.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ахиран Александр Запорожский, Геннадий Василенко, Сергей Скрипал ва Игор Сутягинро афв кард. Онҳо бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати кишварҳои ғарбӣ дар Русия ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шуда буданд. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи федеролии Манҳеттени Ню-Йорк, баъд аз он ки даҳ нафари боздоштшуда иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русияро ба гардан гирифтанд, дар бораи ихроҷи онҳо аз кишвар ҳукм содир намуд.
XS
SM
MD
LG