Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кормандони милисаи тоҷик террористҳоро боздошт кардаанд?


Раиси полиси вилояти Бодкенти Қирғизистон гуфт, ду нафари аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави ин кишвар боздошт ва ба Қирғизистон истирдодшуда – аъзои гурӯҳи терористиянд. Кенеш Абдураҳмонов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳардуи онҳо дар Тоҷикистон бидуни аснод боздошт шудаанд ва гуфтаанд, ки муҳоҷирони кориянд ва аз Русия ба Қирғизистон бармегарданд. Ва аммо, ба гуфтаи раиси полиси Бодканд, баъд аз истирдоди онҳо ба Қирғизистон маълум шуд, ки ҳарду узви гурӯҳи ифротгароянд ва мавриди кофтукоби полиси Ӯзбакистон ва Қирғизистон қарор доранд. Кенеш Абдураҳмонов афзуд, ки боздоштшудаҳо солҳои 2007-2008 дар як қароргоҳи террористон дар Покистон тамрин дидаанд. Яке аз онҳо – Абдулвоҳид Алиевро мақомоти амниятии Ӯзбакистон барои ширкат дар ошӯбҳои шаҳри Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 ҷустуҷӯ мекунанд. Ва аммо худи Алиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ширкаташ дар ҳаводиси Андиҷонро рад кард ва гуфт, ки баъд аз як ҳодисаи ғоратгарӣ дар Ӯзбакистон ӯ дар қаламрави Тоҷикистон панаҳ бурда буд.
XS
SM
MD
LG