Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳандагон ба хонаҳои худ баргаштанд


Хушунат ва даргириҳо дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон садҳо куштаву ҳазорҳо захмӣ бар ҷой гузошт ва орому қарори сокинони минтақаҳои дигари ин кишвар, аз ҷумла ноҳияи тоҷикнишини Қадамҷои вилояти Боткандро аз байн бурд.

Гуфта мешавад, пахши сару садоҳои мухталиф дар бораи ҳамлаҳои ногаҳонӣ болои мардуми ғайриқирғиз ҳазорҳо тоҷиктабори ҷамоати Учқӯрғони ин ноҳияро маҷбур кардааст, ки ба вилояти Фарғонаи Ӯзбакистони фирор кунанд.

Фирор ба Узбакистон

Ҳурматхон Аҳмадалиева, ҷонишини мудири мактаби ба номи устод Айнии ҷамоати Учқӯрғон, мегӯяд: «Ҳамон рӯз дар синфҳои 9 ва 11 имтиҳонҳои давлатӣ мерафт. Директори мактаб саросема вориди синф шуд ва аз мо тақозо намуд, ки имтиҳонҳоро қатъ кунем. Вай гуфт, ки талабаҳоро фавран ба хонаҳояшон ҷавоб диҳем. Вазъият хуб нест. Мо ҳайрон шудем ва ҳама ба кӯча баромадем. Одамон пиёдаву савора ба тарафи марзи Ӯзбакистон мешитофтанд. Баъзеҳо моро дида ҳайрон мешуданд, ки назди дарвозаи мактаб бидуни ҳаракат истодаем».

Ба гуфтаи Ҳурматхон Аҳмадалиева баъди ба хона расидан шавҳараш гуфтааст, ки писари хурдиву келинашро гирифта, зуд худро ба марзи Ӯзбакистон расонад ва вай бо писараш Қаҳрамон дар деҳа мемонад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: «Вақте ки ба посгоҳи байни ду сарҳад омадам, модари пирам, хоҳару апаҳоям, келинҳои бародаронамро он ҷо дидам. Марз кушода буд ва касе барои гузаштан ба самти Ӯзбакистон монеъ намешуд. Мо ба шаҳри Фарғона расидем ва апаи калониам ҳамаи моро дар ҳавлиаш пазируфт. Аммо дили ман ба шавҳару писарам ва бародаронам месӯхт, ки дар Учқӯрғон монда буданд».

"Аз ҳама ҷо бӯи ҷанг меомад"

Ба таъкиди Ҳурматхон Аҳмадалиева агар ҳукумати муваққат аз идомаи ташаннуҷи авзоъ ҷилавгирӣ намекард, маълум набуд, ки даҳҳо ҳазор тоҷиктабори Қирғизистон ба чӣ сарнавишт мувоҷеҳ мешуданд. Вай мегӯяд, ба ёд овардани он рӯзҳо барояш басо душвор аст. «Охир, аз ҳама ҷо бӯи ҷанг меомад»-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, ҷангу даргириҳо дар Ӯш ва Ҷалолобод мунҷар ба он шуд, ки хатмкунандагони мактаби онҳо бидуни супурдани имтиҳонҳои давлатӣ соҳиби шаҳодатнома шаванд. Ҳурматхон Аҳмадалиева гуфт, азбасти вақт аз даст рафта буд ва як гурӯҳи хатмкунандагон бояд таҳсили худро дар донишгоҳҳо идома диҳанд, бо амри вазорат шаҳодатномаҳо тақсим карда шуданд .

Мақомоти Бишкек ба ҳукумати кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ҷиҳати қабули даҳҳо ҳазор паноҳанда дар қаламрави он расман ибрози сипос кардааст. Зода ва сокини Учқӯрғон полковник Баҳодур Абдураззоқов, ки дар хадамоти амнияти Қирғизистон вазифа анҷом додааст ва раванди ҳодисаҳоро бевосита мушоҳида кардааст, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи мардуми Учқӯрғон аз ҳукумати кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон миннатдоранд.

Зиндагӣ ба маҷрои пешин бармегардад

Вай мегӯяд: «Ягон кас аз марзи Ӯзбакистон бозпас наомад, ҳамаи онҳоро Ислом Каримов қабул кард, ҷову макон дод ва бо ғизо таъмин кард». Ба гуфтаи ин афсари мустафъӣ, мардуми деҳааш умедворанд, ки дигар рӯзҳои мудҳиш такрор нахоҳад шуд ва ба сари онҳо ва сокинони манотиқи кишвараш кулфату сарсониҳо нахоҳад овард.

Дар ҳамин ҳол сокинони ҷамоати Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо аз Ӯзбакистон ба марзи Қирғизистон баргаштаанд. Аксарияти онҳо 27 июн дар ҳамапурсӣ ширкат кардаанд. Гуфта мешавад дубора зиндагии ором дар рустоҳои мардуми тоҷиктабори ноҳияи Қадамҷо ба маҷрои пешини худ баргаштааст. Ёдовар мешавем, ки сокинони тоҷиктабори шаҳраки Ҳайдаркон ва деҳаи Андараки ноҳияи Лолак, ҳамчунин бошандагони деҳаи «Правда»-и ноҳияи Қаросӯ, воқеъ дар Ӯш ба ҳеҷ ҳеҷ куҷо фирор накардаанд.

Дар ин шабонарӯз вазъият дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод рӯ ба эътидол овардааст. Гуфта мешавад, вазъияти минтақаи ҷануби Қирғизистон ба эътидоли вазъ дар Ӯшу Ҷалолобод вобаст хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG