Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Вена табодули ҷосусҳо сурат мегирад


Ҳавопаймо бо даҳ ҷосуси аз Амрико ихроҷшудаи рус дар фурудгоҳи шаҳри Вена, пойтахти Австрия, нишаст. Тибқи созиши ҳосилшуда дар мавриди табодули маҳбусон, ҳамчунин ҳавопаймо аз Маскав бо чаҳор нафари дар Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои ғарбӣ зиндонишуда дар Вена фуруд омад. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ахиран ин чаҳор нафар - Александр Запорожский, Геннадий Василенко, Сергей Скрипал ва Игор Сутягинро афв кард.
Рӯзи панҷшанбе додгоҳи федеролии Манҳеттени Ню-Йорк, баъд аз он ки боздоштшудаҳо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русияро ба гардан гирифтанд, дар бораи истирдоди онҳо ҳукм содир намуд.
XS
SM
MD
LG