Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Мӯҳманд афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни инфиҷори маргталабона дар минтақаи Мӯҳманди Покистон ба 45 нафар расид. Бар асари ин ҳодиса, ки дар канори бинои маъмурияти деҳаи Яккаганд, дар наздикиҳои марз бо Афғонистон, ба вуқӯъ пайваст, беш аз сад нафар ҷароҳат бардоштаанд. Мӯҳманд яке аз минтақаҳои хушунатбори Покистон маҳсуб мешавад. Нерӯҳои амниятии кишвар ҳанӯз ба шикасти мусаллаҳони “Ал-Қойида” ва ҷунбиши “Толибон” дар ин минтақа муваффақ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG