Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гилиермо Фаринас гуруснанишиниро қатъ кард


Гилиермо Фаринас, дигарандеши маъруфи кубагӣ, гуруснанишинии худро қатъ кард. Ӯ аз моҳи феврал ба ин сӯ бо талаби аз зиндон раҳо кардани маҳбусони сиёсии мариз аз истеъмоли ғизо даст бардошта буд. Фаринас дар бораи қатъи гуруснанишинӣ баъд аз он тасмим гирифт, ки ҳукумати Куба барои аз зиндон раҳо кардани 52 маҳбуси сиёсӣ розӣ шуд.
Дирӯз вазири умури хориҷии Испания Мигел Анхел Моратинос, баъд аз анҷоми даври ниҳоии музокирот бо раисиҷумҳури Куба Раул Кастро ва бо миёнҷигарии архиепископи Ҳавана кардинал Ҳайма Ортега, изҳор намуд, ки кишвараш барои қабули ин маҳбусон омода аст.
Тасмим гирифта шудааст, ки панҷ маҳбуси сиёсӣ рӯзҳои наздик ва афроди боқимонда тайи се-чаҳор моҳи оянда озод карда шаванд. Ҳамаи онҳо аз соли 2003 ба ин сӯ дар маҳбасанд. Бори аввал дар чанд даҳсолаи ахир ҳукумати коммунистии Куба ин теъдоди бузурги маҳбусони сиёсиро раҳо мекунад.
XS
SM
MD
LG