Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бхаттачарҷӣ - сафири нави Ҳиндустон дар Тоҷикистон


Аситх Кумар Бхаттачарҷӣ сафири нави Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Дар ин бора ба хабаргузории “Авесто” дар сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд. Гуфта мешавад, ки ҷаноби Бхаттачарҷӣ аз ин пеш дар мақоми котиби муштараки вазорати умури хориҷии Ҳиндустон кор мекард ва қарор аст, ки ӯ рӯзҳои наздик вориди Тоҷикистон шавад.
Тайи панҷ соли ахир ба намояндагии дипломатии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Омар Сингҳ раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG