Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои Эрон барои идомаи музокироти ҳастаӣ


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, изҳор намуд, ки кишвараш бо иҷрои чанд шарт барои музокирот бо ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон омода хоҳад буд. Шарти асосие, ки Аҳмадинажод ба миён гузоштааст, мушаххас кардани мавқеъи Вошингтон дар робита ба силоҳи ҳастаии Исроил аст. Тел-Авив ҳеҷ гоҳ расман силоҳи ҳастаӣ доштани худро эътироф накардааст ва аммо бештари коршиносон мутмаинанд, ки Исроил ин силоҳро дар ихтиёр дорад.
Маҳмуди Аҳмадинажод дар робита ба таҳримҳои нави Шӯрои амнияти СММ алайҳи Эрон гуфт, ки онҳо ба рушди барномаи ҳастаии кишвар монеъ нахоҳанд шуд.Моҳи гузашта Шӯрои Амнияти СММ чаҳорумин бастаи таҳримҳои байнулмилалии зидди Эронро ба тасвиб расонд. Аз таҳримҳои нав 12 кишвар пуштибонӣ карданд, Бразилия ва Туркия раъйи мухолиф доданд ва Лубнон аз ширкат дар раъйдиҳӣ худдорӣ кард. Бар пояи таҳримҳои нав, ҳамаи киштиҳои дарёии Эрон ба хотири ошкор ва мусодираи маводи мамнӯъ бозҷӯӣ мешаванд. Ҳамчунин 40 ниҳод ва масъулини ҳукумати Эрон мавриди таҳрим қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG