Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи пурқурбонӣ дар Мӯҳманд


Бар асари инфиҷори маргталабона дар минтақаи Мӯҳманди Покистон дасти кам 17 нафар кушта ва тақрибан сад каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилоъи мақомоти ҳифзи тартиботи маҳаллӣ, ин ҳодиса дар канори бинои маъмурияти деҳаи Яккаганд, дар наздикиҳои марз бо Афғонистон, рӯх дод.
Мӯҳманд яке аз минтақаҳои хушунатбори Покистон маҳсуб мешавад. То ба имрӯз нерӯҳои амниятии кишвар ба шикасти мусаллаҳони “Ал-Қойида” ва ҷунбиши “Толибон” дар ин минтақа муваффақ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG