Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷосусҳои рус ба Русия истирдод шуданд


Шаҳрвандони Русия, ки охири моҳи гузашта дар Амрико бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуда буданд, ахиран ба Русия истирдод шуданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба манобеъаш дар мақомоти ҳифзи тартиботи ИМА иттилоъ дод. Аз ин пеш вазоратҳои умури хориҷии Русияву Амрико тайид карданд, ки хадамоти вижаи ду кишвар дар мавриди табдили даҳ ҷосуси рус ба чаҳор нафари дар Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои ғарбӣ зиндонишуда созиш ҳосил кардаанд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ахиран ин чаҳор нафар - Александр Запорожский, Геннадий Василенко, Сергей Скрипал ва Игор Сутягинро афв кард.
Рӯзи панҷшанбе додгоҳи федеролии Манҳеттени Ню-Йорк, баъд аз он ки боздоштшудаҳо иттиҳоми ҷосусиро ба гардан гирифтанд, дар бораи истирдоди онҳо ҳукм содир намуд. Ҷенесис Педито, вакили дифоъи яке аз боздоштшудаҳо – Хуан Ласаро баъд аз эълони ҳукми додгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки "шахси таҳти ҳимояти ман, гуноҳро ба гардан гирифт. Сабаби ин иқдом – талоши дифоъ аз хонаводааш буд. Ба ӯ ҳукумати Русия пешниҳоде намуд, ки рад кардани он ғайримумкин буд. Алҳол онҳо ба Русия мераванд ва баъдан метавонанд ҷойи зисти дилхоҳро интихоб кунанд".
Ҷон Родригес, вакили дифоъи Вика Пелаез гуфт, ки шахси таҳти ҳимояташ шояд баъдан барои иқомат кишвари Перуро ихтиёр кунад.
XS
SM
MD
LG