Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи даҳуми «Регар» ТадАЗ


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи даври 13-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

Ин бозӣ 7-уми июл дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода сурат гирифт. Давронҷон Тухтасунов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 10-ум ҳисобро кушод. Баъди 10 дақиқа Шуҷоат Неъматов, бозигари меҳмонон, ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони «Регар» ТадАЗ Сафар Каримов (дар дақиқаи 60-ум), Ҷомихон Муҳиддинов (75) ва Комил Саидов (80) се голи дигари мизбононро ба самар расонданд.

«Регар» ТадАЗ бо 31 имтиёз мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам устувор кард. Тими «Истиқлол»-и Душанбе, ки 28 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷои дуввум қарор дорад. Вале «Истиқлол» нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ - «Регар» ТадАЗ як бозӣ бештар анҷом додааст. «Хайр»-и Ваҳдат бо 23 имтиёз дар ҷои севум мебошад.

Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан»-и Кӯлоб ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 12-уми июл



Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ (Турсунзода)

11

10

1

0

39-5

31

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

12

8

4

0

27-8

28

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

13

7

2

4

23-17

23

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

13

6

3

4

16-13

21

5.

«Энергетик» (Душанбе)

13

4

3

6

16-21

15

6.

ССКА«Помир» (Душанбе)

12

3

4

5

12-19

13

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

11

2

2

7

13-22

8

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

1

5

5

13-22

8

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

12

0

2

10

6-37

2



Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 12 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 11, Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ) ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Бозиҳои навбатӣ:
12-уми июл (душанбе)
«Парвоз» - «Энергетик»
«Вахш» - «Равшан»
13-уми июл (сешанбе)
«Регар» ТадАЗ - ССКА «Помир»
«Хуҷанд» - «Истиқлол»
XS
SM
MD
LG