Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Амрикову Русия ба табодули ҷосусон


Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди табодули ҷосусони ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Вазорати адлияи Амрико гуфт, Русия ризоият додааст, дар ивази раҳоии гумоштаҳояш, чаҳор нафарро аз зиндон раҳо кунад, ки ба ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии кишварҳои ғарбӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ин чаҳор нафарро авф кардааст. Пештар аз ин 10 муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Русия дар Амрико, дар додгоҳи Ню Йорк, иттиҳомоти худро пазируфтанд. Баъди ин додрас амр дод, то ҳамаи онҳоро аз хоки Амрико ихроҷ кунанд. Даҳ узви ин ҳалқаи муттаҳам ба ҷосусӣ дар Амрико ва яке аз онҳо дар ҷазираи Қибрис боздошт шуд. Баъди хотимаи Ҷанги Сард, бори аввал аст, ки Амрикову Русия, дар мавриди табодули теъдоди зиёди ҷосусон муомила мекунанд.
XS
SM
MD
LG