Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи вазирони араб ба Тоҷикистон меоянд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Икмолиддин Эҳсоноғлӯ, дабири кулли Созмони конфронси исломӣ рӯзи 19 июл ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ӯро дар ин сафар, вазирони умури хориҷаи Миср, Ӯрдун, Баҳрай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Испониё ва Люксембург низ ҳамроҳӣ мекунанд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин маврид иттилоъ дода ва доир ба ҳадафи сафари дабири кулли Созмони конфронси исломӣ ва гурӯҳи вазирони кишварҳои арабӣ ва ду кишвари аврупоӣ ба Тоҷикистон чизе нагуфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG