Пайвандҳои дастрасӣ

Шарти Аҳмадинажод барои музокирот бо Амрико


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, дар сурати пазируфтани шартҳои муайяни кишвараш омода аст, бо Амрико дар мавриди барномаҳои атомиаш музокирот кунад. Ҳангоми суханронӣ дар Нигерия дар нишасти сарони гурӯҳи Ди 8, гурӯҳи кишварҳои дар ҳоли рушд, Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Амрико бояд мавқеъаш дар робита ба сиёсати ҳастаии Исроилро возеҳ кунад. Исроилро ягона кишвари мусаллаҳ бо бомби атомӣ дар Ховари Миёна медонанд.
XS
SM
MD
LG