Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Рустам Назаров барои маҳви киштзорҳои кӯкнор


Рустам Назаров, раиси Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон, мегӯяд, маҳви киштзорҳои кӯкнор дар Афғонистон бо усулҳои нави илмӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Зимни суханронӣ дар шаҳри Вена дар як ҳамоиши байналмилалӣ Рустам Назаров гуфт, олимони Тоҷикистону Ӯзбакистон, бо мусоидати Созмони Милал усули безарари биологиеро пайдо кардаанд, ки метавонад дар ин замина истифода шавад. Донишмандон занбӯрӯғҳои кушанда барои рустании кӯкнор, вале безарар барои инсонро офаридаанд, ки рустаниро дар айни саркашиаш бемор ва нобуд кунанд. Ба гуфтаи Рустам Назаров месазад, то ин усулро барои маҳви киштзорҳои васеъи кӯкнор дар Афғонистон истифода кард, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст. Миқдори зиёде аз маводи мухаддири афғонӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон низ қочоқ мешавад.
XS
SM
MD
LG