Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Куба 54 зиндонии сиёсиро раҳо мекунад


Давлати Куба, барои раҳоии 52 зиндонии сиёсӣ ризоият додааст, чизе ки ҳукумати коммунистии ин кишвар дар зарфи чанд даҳсолаи ахир накардааст. Ризоият дар ин маврид баъди мулоқоти мақомоти Калисои католики романӣ ва Михел Ангел Моратинос, вазири умури хориҷаи Испониё бо Раул Кастро, раиси ҷумҳури Куба ҳосил шудааст. Михел Ангел Моратинос гуфт, кишвараш мойил аст, тамоми ин зиндониёни сиёсиро, ки иҷозаи тарки Куба хоҳанд дошт, бипазирад. Ба истиснои ин 52 нафар, дар зиндонҳои Куба 110 зиндонии сиёсии дигар боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG