Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти се тан бо иттиҳоми тероризм дар Норвегия


Мақомоти Норвегия эълом карданд, ки се нафари муртабит бо созмони Ал-Қоидаро боздошт карданд, ки мехостанд, амалҳои терорристӣ анҷом бидиҳанд. Ин се нафар ба гуфтаи Хадамоти пулиси амниятии Норвегия, бо афроде иртибот доштаанд, ки аъмолашон дар Амрико ва Бритониё таҳқиқ мешавад. Ин се нафар ки номашонро ошкор накардаанд, бештар аз як сол таҳти мушоҳидаи маъмурони амниятӣ қарор доштаанд. Яке аз онҳо шаҳрванди ӯйғуртабори Норвегия, дигарӣ ироқӣ ва саввумӣ ӯзбак будааст, ки дар Норвегия ҳаққи иқомат доштаанд. Матбуоти Норвегия мегӯяд, гурӯҳи мазкур қасди бомбгузорӣ доштаанд ва дар натиҷаи ҳамкории хадамоти иттилоъотии кишварҳои мухталиф дастгир шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG