Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Пскови Русия гӯри дастаҷамъӣ пайдо карданд


Дар шаҳри Пскови Русия ҳангоми кандани нақб барои хатҳои телефонӣ, гӯрҳои дастаҷамъии замони Ҷанги Ҷаҳони Дуввумро пайдо кардаанд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, устухонҳои пайдошуда барои муоина ба озмоишгоҳ фиристодаанд. Сухангӯи додситонии шаҳри Псков гуфтааст, дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ин маҳал, ба ҳайси ӯрдӯгоҳи кории фашистони олмонӣ истифода мешудааст. Шаҳри Пскови Русия воқеъ дар наздикии марзҳои Эстония ва Латвия аз соли 1941 то соли 1944 дар тасарруфи нерӯҳои Олмони фашистӣ қарор дост. Ҳоло маълум нест, дар гӯри дастаҷамъӣ чанд нафар дафн шудааст.
XS
SM
MD
LG