Пайвандҳои дастрасӣ

Байболов вазири умури дохилии Қирғизистон таъин шуд


Кубат Байболов вазири умури дохилии Қирғизистон таъин шуд. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, бо амри раисиҷумҳур Роза Отунбоева, Кубат Байболов дар курсии вазирӣ Болот Шерро иваз хоҳад кард, ки баъд аз барканории раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев сарварии мақомоти ҳифзи тартиботи Қирғизистонро бар дӯш дошт. Болот Шер муовини раиси ҳизби Ота-Макон аст ва ба хотири ширкат дар интихоботи парлумонии моҳи октябр аз мақоми вазирӣ истеъфо додааст.
Кубат Байболов, собиқ вакили парлумони Қирғизистон, моҳҳои ахир муовини раиси кумитаи амнияти миллии Қирғизистон буд. Ӯ аз соли 2008 то соли равон дар ИМА ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG