Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Сутягин ба Вена интиқол ёфтааст


Игор Сутягин, донишманди рус, ки барои ҷосусӣ ба манфиати Амрико дар Русия маҳкум ба зиндон шуда буд, айни ҳол дар Вена аст ва соатҳои наздик ба Бритониё интиқол меёбад. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба ҳомии ҳуқуқи башар Эрнест Черний иттилоъ додааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, қарор аст Игор Сутягин бо нафаре аз гумонбарони ҷосусӣ ба нафъи Русия, ки дар ИМА боздошт шудаанд, иваз карда шавад. Ва аммо ин хабар ҳанӯз расман таъйид нашудааст.
Дар ҳамин ҳол имрӯз дар додгоҳи шаҳри Ню-Йорк бозрасии парвандаи даҳ нафари гумонбар дар ҷосусӣ ба нафъи Русия шурӯъ мешавад. Додситонии федеролии ИМА алайҳи онҳо иттиҳом эълон кард ва нӯҳ нафари гумонбарон, ба ҷуз ҷосусӣ, дар “шустушӯи пул” ҳам айбдор мешаванд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ду нафар аз боздоштшудаҳо шаҳрванди Русия будани худ ва дар Амрико бо асноди тақаллубӣ зистанашро иқрор карданд.Даҳ гумонбарӣ ҷосусӣ ба нафъи Русия охирҳои моҳи гузашта боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG