Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати зойирон бар асари таркишҳо дар Бағдод


Бар асари таркишҳо дар шимоли Бағдод дасти кам 15 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамлаҳо алайҳи зоийирони шиамазҳабе равона шуда буданд, ки ба хотири таҷлил аз маросими мазҳабӣ дар канори масҷид ҷамъ омада буданд. Рӯзи чаҳоршанбе таркишҳо дар Бағдод ва атрофи он мунҷар ба ҳалокати тақрибан 60 нафар, асосан зойирон, шуданд. Садҳо ҳазор шиамазҳабҳо дар сартосари Ироқ рӯзи ахири маросими мазҳабии марбут бо номи имом Мусо ал-Қадимаро таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG