Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавони навраси тоҷик дар Эрон ғолиб шуд


Салим Хоҷаев, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии озод байни наврасон, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон дар шаҳри Гургони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, ғолиб гардид.

Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа гуштигирони навраси 9 кишвар – Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Ироқ, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Эрон ширкат карданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Олимов шарафи варзиши тоҷикро панҷ нафар гуштигирони наврас – Олимҷон Назиров (дар вазни то 46 кг, аз шаҳри Конибодом), Абдуҷалил Одинаев (то 63 кг), Баҳодур Қодиров (то 69 кг), Фирӯз Ёқубов (то 76 кг) ва Салим Хоҷаев (то 76 кг, ҳарчор аз Душанбе, шогирдони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ) ҳимоя карданд.

Салим Хоҷаев дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг бар се гуштигири эронӣ ва як нафар аз Туркия пирӯз шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Абдурозиқ Олимов афзуд: «Мо аз намояндагони FILA – Созмони байналмилалии гуштӣ, ки дар ин мусобиқа дар Эрон ширкат доштанд, хоҳиш кардем, ба гуштигири ҷавони мо Салим Хоҷаев барои ширкат дар нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур (10-26 августи соли 2010) иҷоза диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки мо бояд дар ин хусус ба FILA бо дархости расмӣ муроҷиат намоем. Бояд гуфт, ки ин мусобиқа барои паҳлавони навраси тоҷик Баҳодур Қодиров, ки дар шаҳри Тошканд ба Олимпиадаи наврасон роҳхат гирифта буд, як давраи омодагӣ ва санҷиш ба шумор мерафт».
XS
SM
MD
LG