Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав дар роҳи вуруди шароби молдавӣ монеъа мегузорад


Молдова иттиҳоми Маскав дар мавриди бар асари сифати паст ба фурӯш нарафтани садҳо ҳазор шиша шароби молдавиро рад кард. Вазири кишоварзии Молдова Валерий Косарчук ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Русия сабабҳои муттавақиф кардани вуруди шароби молдавӣ ба кишварро ташреҳ накардаанд. Ҳафтаи гузашта 46 мошини боркаш ва чанд вагон бо шароби молдавӣ дар гумруки минтақаи Солнтсево, воқеъ дар канори шаҳри Маскав, мусодира шуд. Ба гуфтаи вазир, Русия ягона ҳампаймони Молдова аст, ки дар роҳи вуруди шароби молдавӣ монеъа эҷод мекунад. Ӯ афзудааст, ки 52 дар сади шароби кишвар дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳо фурӯхта мешавад ва аммо то ҳол мушкиле ба миён наомадааст.
Маскав ба вуруди шароби молдавӣ монеъа гузошт, ки кафили раисиҷумҳури Молдова Михай Гимпу 28 июнро “Рӯзи забти Молдова аз сӯи шӯравӣ” эълон кард ва аз Русия талаб намуд, ки нерӯҳояшро аз ҷумҳурии ҷудоихоҳи Приднестровие берун кашад.
XS
SM
MD
LG