Пайвандҳои дастрасӣ

Терроризм санге дар долони Ҷанубу Шимол


Дар Исломобод, пойтахти Покистон, гуфтушуниди ҳайатҳои давлатии ин кишвар ва Афғонистон дар масъалаи танзими тиҷорати минтақаӣ бенатиҷа ба поён расид. Тарафҳо тасмим гирифтанд, даври дувуми музокиротеро, ки ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ОМ низ пайванд дорад, рӯзи 16-уми июл идома диҳанд.

Ин хабар дар чанд нашрияи интернетии Покистон ба табъ расидааст.

Барои Тоҷикистон хеле ва хеле муҳим аст, зеро бар пояи он дар оянда роҳҳои Тоҷикистон, ки дар шимол, ба вижа Узбакистон бо монеаҳо рӯбарӯянд, ба ҷануб ва обҳои гарм боз мешавад.

Тарҳи бунёди роҳи оҳан ба Афғонистону Эрон мавҷуд аст ва акнун ин тарҳи дувум ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон.

Коршиноси умури тиҷорати тарнзитии Афғонистон, Икром Ҳоттӣ, ки дар Исломобод ба сар мебарад, мегӯяд:

"Сабаб ин аст, ки масирҳои тиҷоратие, ки Покистонро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон васл мекунанд, бо бархе аз мушкилот рӯбарӯ мебошанд. Зеро Покистон омода нест, иншоот ва роҳи тиҷоратии худаш бо Афғонистонро ба ихтиёри Ҳинд диҳад. Ин ҳолат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ асар мекунад, зеро онҳо аз истифодаи иншоот ва роҳҳои транзитии тиҷорат бо Ҳиндустон маҳрум мешаванд. Хулоса, ин мушкил аз он ҷо бархост, ки Покистон шубҳа дорад, дар сурати додани иҷоза ба тиҷорати транзитии Ҳинду Афғонистон, кори иштибоҳе ба миён хоҳад омад. Покистон бар ин аст, ки агар ба моли тавлиди Ҳинд иҷозаи убури транзитӣ ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дода шавад ва ин ҳам дар ҳоле ки моли тавлиди Ҳинд хеле арзон аст, ба иллати қочоқ ин моли арзон бозори худи Покистонро пур ва мутазалзил хоҳад кард. Чунин ҳолат бо Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаи Гузар вуҷуд дорад, ки моли арзон ба ҷои он ки ба Афғонистон интиқол дода шавад, дар Покистон ба фурӯш меравад. Аммо ин ҳарос аз он ҷо меояд, ки ниҳодҳои зиддиқочоқи худи Покистон фасодзада ва заъифанд. Хулоса, то он замоне ки ин ниҳодҳои зиддиқочоқӣ ва гумрукии покистонӣ ҳамин гуна фосид ва заъиф боқӣ мемонанд, моли арзони ҳар кишваре дар ҳоли интиқол аз масирҳои транзитии Покистон ба шимол, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, барои Покистон дарди сар эҷод хоҳанд кард".

- Ҷаноби Ҳоттӣ, Шумо, ки дар Исломобод ҳастед, ҳатман рӯҳияи ин гуфтугӯҳоро ба хубӣ ҳис кардааед, вале оё кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шояд беш аз ҳама ба роҳҳои ҷанубӣ ва ҷанубушарқӣ эҳтиёҷ доранд, дар ин баҳсҳо шариканд ва мавзеъгирии онҳо чист?

"Кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо замоне ба ин баҳси масирҳои асосии тиҷорати транзитӣ шарик хоҳанд шуд, ки Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон аз додугирифти байниҳамӣ қонеъ шаванд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатман ба гуфтугӯ шарик хоҳанд шуд, вале танҳо баъд аз он ки Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон сари масъала ба созиш бирасанд."

- Пас ҳоло ҳама гуна гуфтугӯ дар бораи бунёди роҳи оҳан байни онҳо ва ҳатто боз кардани роҳ аз вилояти Читрали Покистон ба Тоҷикистон аҳамияте надоранд?

"Ин ҷои як тарҳи бузургест, ки Созмони Милал аз он ҳимоят мекунад, ба номи Долони Шимолу Ҷануб ва бояд дорои иншооти зарурӣ бошад ва ҳамин тарҳ бунёди роҳи оҳанеро аз Осиёи Марказӣ ба воситаи Афғонистон ба Покистон ва Ҳиндустонро дар назар дорад. Аммо танҳо замоне кори он сар мешавад, ки ҳамаи тарафҳо ба ризоият, ба созиш расанд. Агар чунин созиши байни давлатҳо ба даст наояд, тарҳи роҳи оҳан низ ҳамроҳ бо бахшҳои дигари ин тарҳи бузург муаллақ хоҳанд монд. Агар аз як сӯ худдории Покистон сабаб бошад, аз сӯи дигар Покистон аз терроризми афзоянда азият мекашад. Маъмул аст, ки ҳама гуна роҳ, ки сохта шавад ҳам, ҳадафи ҳамлаи террористон қарор хоҳад гирифт. Он ҷо ҷанг идома дорад. Хулоса, ду чиз дар миён аст. Якум, онҳо бояд ба созиши байнидавлатӣ расанд ва дуввум бояд терроризм аз минтақа решакан гардад".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG