Пайвандҳои дастрасӣ

«Ҷаҳони варзиш»: Қаҳрамони нави ҷаҳон - Ҳолланд ё Испания?


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст дар бораи бузургтарин мусобиқоти дунё - Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, нақл мекунем.

Дастаҳои мунтахаби миллии Ҳолланд ва Испания пас аз пирӯзӣ дар даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ҳолланд бар Уругвай бо ҳисоби 3:2 ва Испания бар Олмон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб 11-уми июл соати 23.30 бо вақти Душанбе дар шаҳри Йоханнесбурги ҶумҳурииАфриқои Ҷанубӣ дар бозии ниҳоӣ Ҳолланд ва Испания барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон-2010 мубориза хоҳанд бурд.

Тими Ҳолланд барои бори севум ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтааст, вале ду бор – соли 1974 аз тими Олмон бо ҳисоби 1:2 ва соли 1978 аз тими Аргентина бо ҳисоби 1:3 дар замони изофӣ шикаст хӯрдааст. Вале дастоварди назарраси Испания, қаҳрамони кунунии Аврупо, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон касби ҷои чаҳорум дар соли 1950-ум мебошад.

Дастаҳои Уругвай ва Олмон 10-уми июл барои ҷои 3-юм ва медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Дастаи Олмон се бор ва тими Уругвай ду бор Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардаанд.

Бояд тазаккур дод, ҳамаи 7 тиме, ки дар тӯли 80 сол ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд, аз ҳаққи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум шуданд. Ба ғайр аз Олмон ва Уругвай дастаҳои миллии Бразил 5 бор, Итолиё 4 маротиба, Аргентина 2 бор, Инглистон ва Фаронса якборӣ Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварда буданд.

Вале ин дафъа дар Африқои Ҷанубӣ қаҳрамони нави футболи ҷаҳон маълум хоҳад шуд. Ё тими Ҳолланд ва ё тими Испания нуздаҳумин қаҳрамони ҷаҳон хоҳад шуд.

Ба дастаи ғолиби бозии ниҳоӣ 30 миллион доллари амрикоӣ супурда мешавад. Финалист соҳиби 24 миллион доллар хоҳад шуд. Ба дастае, ки ҷои севумро мегирад, 20 миллион доллар тақдим мешавад. Ба дастае, ки дар ҷои чаҳорум қарор мегирад, 18 миллион доллар супурда хоҳад шуд.

Дастаҳои ҷойҳои аз 5-ум то 8-умро ишғолкарда 14 миллион долларӣ ва тимҳои ҷойҳои аз 9-ум то 16-умро ишғолкарда бо 9 миллион долларӣ сарфароз гаштанд. Инчунин ба 16 дастаи дигаре, ки дар сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2010 ширкат карданд, 8 миллион долларӣ эҳдо шудааст.

Давид Виля, бозигари Испания ва Уэсли Снейдер, бозигари Ҳолланд, ки 5-голӣ задаанд, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2010 пешсафанд.

Дар ин барнома, инчунин, дар бораи натоиҷи бозиҳои даври 14-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳем.

Ҳамчунин ба шунавандагони барнома дар бораи бозии байналмилалии дӯстонаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо тими «Ҳессен Кассел»-и Олмон гузориш медиҳем.

Дар ин бора мусоҳибаи мо бо Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», ва Амоншоҳ Саодатсайров, дарвозабони ин даста, ба таваҷҷӯҳи шунавандагони барнома пешкаш мешавад.

Ҳамчунин ба шунавандагон дар бораи дастоварди нави Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар марҳилаи даҳуми мусобиқаи даъвати ҷаҳонӣ дар пойтахти Испониё – шаҳри Мадрид нақл мекунем.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштии дзюдо "Большой шлем" ё «Тоскулоҳи бузург» дар шаҳри Маскав ноком шуданд.

Вале дар ин мусобиқа Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии олимпӣ ва сабқати ҷаҳонӣ, ба далели табобат ширкат накард. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, пас аз барқарор кардани саломатиаш бо мураббии худ Владимир Елчанинов дар Тоҷикистон тамрин карда, ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки авоили моҳи август дар Олмон доир мешавад, омодагӣ мебинад. Моҳи сентябр бошад, Расул дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҷопон ширкат хоҳад кард.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG