Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти панҷ гумонбар ба терроризм дар Амрико


Рӯзи чоршанбе, вақте сокинони Лондон маросими ёдбуди қурбониҳои силсилаи бомбгузориҳои маргталабона дар шабакаи мусофирбарии умумии Лондонро доир менамуданд, дар Амрико панҷ нафар бо тарҳрезии ҳамла дар шабакаи метрои шаҳри Нюйорк муттаҳам шуданд.

Аснои бомбгузориҳои маргталабонаи соли 2005-ум дар Лондон беш аз 50 мусофири метро ва автобусҳои мусофирбари пойтахти Британия ба ҳалокат расиданд.

Вале идораи додситонии кулли ИМА мегӯяд, мақомот ҳамлаи терҳрезишудаи бомбгузорони Нюйоркро хунсо намуда, панҷ нафар ва дар байни онҳо раҳбари шохаи Ал-Қоидаро, ки ба гирифтани шаҳрвандии ИМА муваффақ шудааст, ба ҳабс гирифтаанд.

Мақомоти ИМА 5 нафарро бо кӯшиши бомбгузорӣ дар шабакаи метрои шаҳри Нюйорк, дар соли 2009-ум муттаҳам намуданд. Ба қавли мақомот бомбгузорон ба шабакаи Ал-Қоида иртибот дошта, мехостанд, силсилаи таркишҳои шабеҳи бомбгузориҳои Лондонро амалӣ намоянд.

Рӯзи чоршанбе додгоҳи минтақаи Бруклини Нюйорк эълон кард, ки барномаи бомбгузорӣ дар моҳи сентябри соли 2009-ум кашф шуд. Дар асноди додгоҳ гуфта мешавад, ки тарҳрезони ҳамла низоми бомбгузориҳои Лондонро ҳамчун намуна интихоб намуда буданд.

Ронандаи фурудгоҳ - террорист?

Симои асосии ин ҳамла Наҷибуллоҳ Зазӣ, як афғон аст, ки дар иёлати Колорадои ИМА иқомат дошта, дар гузашта дар фуругоҳи шаҳри Денвер ронандаи автобус будааст. Моҳи феврал Зазӣ эътироф карда буд, ки барнома дошт, дар шабакаи нақлиёти ҷамъиятии Нюйорк ҳамлаи маргталабона раҳандозӣ кунад.

Зазӣ ҳамчунон изҳор намуд, ки истифодаи маводи таркандаро дар вилояти Вазиристони Покистон, ки ҳамсарҳад бо Афғонистон мебошад, аз худ намудааст.

Муттаҳами дигар Аднон Шукриҷумъа, амрикоии саудитабор аст, ки ба ақидаи мақомоти ИМА ҳамоҳангсозии амалиёти Ал-Қоидаро бар дӯш дошт. Шукриҷумъа бо лақаби Ҳамад маъруф мебошад.

Фарзияи мақомоти ИМА ин аст, ки Шукриҷумъа ҳамроҳ бо Солеҳ ас-Сомалӣ ном шахсе ҳамоҳангсозии ҳамлаҳои Ал-Қоида дар ИМА ва мамолики ғарбиро бар ӯҳда дошта, доимо бо раҳбарони ал-Қоида дар манотиқи қабиланишини Покистон дар тамос будааст.

Мақомоти ИМА боз номи ду муттаҳами дигар, яке миёнарав бо номи Аҳмад ва дигаре шаҳрванди боснитабори ИМА Адис Медунҷанин аст, ки эҳтимол дар Покистон пинҳон бошад, бо доштани нақше дар таҳияву иҷрои ҳамла муттаҳам мешуморанд.

Ба ақидаи додситонии ИМА ин гурӯҳ ҳадди ақалл дар даҳ ҳодисаи марбут бо терроризм муттаҳам мебошад ва агар ҷурми онҳо собит гардад, онҳо метавонанд ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Ҳамлаи шабеҳи сентябри соли 2001?

Моҳи феврал, вақте Эрик Ҳолдер, додситони кулли ИМА боздошти Зазиро хабар дод, гуфт, ки ин гурӯҳ ҳамлаи шабеҳи ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001-умро мадди назар дошт.

Ҳолдер ёдовар шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот хеле барвақттар аз ҳамла ҳаракати Зазиро мавриди муроқибат қарор дода буданд:

"Бидуни шубҳа ҳаёти амрикоиҳо ҳимоят шуд. Тафтиш идома дорад ва аммо онро бидуни таъхир такмил хоҳем кард, то афроди дигаре ҳам, ки дар ин амал даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва мо барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои минбаъда маълумот дастрас намоем".

Баъди ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001-ум даҳшатафкане бо номи Абу Зубайда дастгир шуда буд. Ӯ ҳангоми бозпурсӣ хабар дод, ки Шукриҷумъа ҳамлаҳои Ал-Қоида дар ИМА ва мамолики ғарбиро ҳамоҳанг мекунад.

Шукриҷумъа муддате дар яке аз коллеҷҳои иёлати Флорида таҳсил карда, соли 2003-ум дар як қазияи марбут бо терроризм ҳамчун шоҳид даъват шудаааст. Хадамоти таҳқиқотии ИМА ё худ FBI ҳафт сол инҷониб дар ҷустуҷӯи Шукриҷумъа буда, барои боздошти ӯ панҷ миллион доллар ҷоиза ваъда додаанд.

Рӯзи чоршанбе ёвари иҷроияи мудири FBI Шон Ҷойс гуфт, ки терроризми ҷаҳонӣ ба ҳокимияти қонун таҳдид эҷод мекунад.

Ӯ афзуд, табиати фаромарзии ин ҳамлаи тарҳрезишуда аз он шаҳдоат медиҳад, ки ба хотири кафолати амнияти ҷамъиятӣ ҳамкориву ҳамоҳангсозии байналмилалӣ зарур аст.
XS
SM
MD
LG