Пайвандҳои дастрасӣ

Integrity Watch: Фасод дар Афғонистон афзоиш ёфтааст


Сатҳи фасод дар Афғонистон аз соли 2007 ба ин сӯ ду баробар афзоиш ёфтааст. Бар пояи як таҳқиқоти гурӯҳи байнулмилалии зиддибӯҳронии Integrity Watch, соли гузашта афғонҳо барои ришват ба мансабдорон тақрибан як миллиард доллар сарф кардаанд. Аз шашу ним ҳазор шаҳрвандони мавриди пурсиш қароргирифта беш аз сӣ дар сад изҳор намуданд, ки бар хотири ҳалли мушкили худ дар идораҳои ҳукуматӣ маҷбур шудаанд то пора диҳанд. Нисфи мусоҳибони гурӯҳи Integrity Watch мутмаинанд, ки фасодзадагии мансабдорон ба нафъи толибони маҳаллист ва онҳо тавассути робитаҳояшону ришватдиҳӣ мавқеъҳои худро мустаҳкамтар месозанд.
XS
SM
MD
LG