Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари "Мемориал" дар Грозний баста мешавад?


Маркази ҳуқуқи башари Русия “Мемориал” шояд дубора фаъолияташ дар Чеченистонро мутаваққиф созад. Раиси ин марказ Олег Орлов ба хабаргузории Интерфакс изҳор намуд, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар аз гуфтаҳои ахири раисиҷумҳури Чеченистон дар баробари “Мемориал” нигаронанд. Ҳафтаи гузашта Рамазон Қодиров дар як сӯҳбат бо шабакаи телевизионии маҳаллӣ афроди марбут ба ин марказро “душманони мардум, қонун ва давлат” номида буд.
Рӯзи сешанбе ба раиси “Мемориал” Олег Орлов иттиҳоми тӯҳмат ба раисиҷумҳури Чеченистон эълон шуд. Рамазон Қодиров дар робита ба изҳороти Орлов оиди масъули куштори корманди “Мемориал” дар Грозний Наталия Эстемирова будани раҳбари Чеченистон ба додгоҳ шикоят бурдааст. Баъд аз куштори Наталия Эстемирова фаъолияти “Мемориал” дар Чеченистон барои ним сол мутаваққиф шуда буд.
XS
SM
MD
LG