Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания барои қабули маҳбусони сиёсӣ аз Куба омода аст


Испания изҳор намуд, ки барои қабули 52 маҳбуси сиёсӣ аз Куба омода аст. Дар ин бора вазири умури хориҷии Испания Мигел Анхел Моратинос дар Ҳавана, баъд аз ширкат дар даври ниҳоии музокирот оид ба озод кардани маҳбусони сиёсӣ миёни раисиҷумҳури Куба Раул Кастро ва архиепископи Ҳавана кардинал Ҳайма Ортега, хабар дод.
Тасмим гирифта шудааст, ки панҷ маҳбуси сиёсӣ рӯзҳои наздик ва афроди боқимонда тайи се-чаҳор моҳи оянда зиндонҳои Кубаро тарк бигӯянд. Ҳамаи онҳо аз соли 2003 ба ин сӯ дар маҳбасанд. Бори аввал дар чанд даҳсолаи ахир ҳукумати коммунистии Куба чунин теъдоди бузурги маҳбусони сиёсиро раҳо мекунад.
XS
SM
MD
LG